Маҷлиси идона бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Агентии амнияти ХБРЯ- АМИТ
Маҷлиси идона бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Агентии амнияти ХБРЯ- АМИТ
7 марти соли 2025 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи Модар" маҷлиси идона баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур, директор ва кулли кормандони Агентӣ иштирок намуданд.
Бо сухани табрикотӣ, директори Агентӣ – профессор Илҳом Мирсаидзода баромад намуда, бонувонро ба муносибати ин ҷашни пуршукуҳ табрик намуда, дар суханронии худ вобаста ба нақши зан-модар дар ҷомеа, хусусан дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии
соҳаҳои физикаи ядро, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва радиоэкология ёдовар шуда, ба онҳо барои саҳми арзандаашон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои пурмуҳтаво ва инчунин Паёмҳои ҳарсолаашон ба Парлумони мамлакат роҷеъ ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоси худро ироа ва ифода менамоянд.
Тазаккур ба маврид аст, ки ҷашни "Рӯзи Модар"-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни расмӣ, ҳар сол бо шукӯҳи хос таҷлил гардонида ва рамзи эҳтиром ба зан-модар, ҳамзамон саҳми ӯро дар ҳаёти ҷомеа муаррифӣ менамояд.
Чорабинии идона дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт ва ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.